ДМТ. Ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмию таълимии Озарбойҷон густариш меёбанд
Имрӯз Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Ректори донишгоҳ ташрифи меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои илмиву таълимӣ муҳим арзёбӣ намуда, баён дошт, ки донишгоҳ омода аст бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамкорӣ намуда, табодул ва таҷрибаи хешро дар ин самт вусъат диҳад.
Сафир дар навбати худ роҷеъ ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳирии Озарбойҷон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки рушди муносибатҳои илмию таълимӣ такмил дода шавад.
Зимнан меҳмонони олиқадр аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуд.