Дар вилояти Хатлон оид ба фаъолгардонии неруи зеҳнию фитрии ҷавондухтарон вохӯрӣ доир карда шуд
Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва Барномаи рушди оила бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин хусус Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи фаъолгардонии неруи зеҳнию фитрии ҷавондухтарон зимни баргузории барномаҳои маърифатию фарҳангӣ, иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, риояи либоспӯшии миллӣ ва ба ин васила аз байн бурдани падидаҳои бегонапарастӣ ва омода гардидани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона суҳбатҳои судманд доир карда шуд.
Сипас дар бахшҳои алоҳида бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи донишгоҳи мазкур барои донишҷӯдухтарон дарси «Маърифати оиладорӣ» гузаронида шуда, мавзуъҳои ташкили оилаи солим, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла зӯроварӣ дар байни духтарон ва тарбияи насли босаводу соҳибандеша мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки дарсҳои тарбиявии «Маърифати оиладорӣ»- ро минбаъд дар дигар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ доир намояд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон