Бозёфти нодир аз ноҳияи Шамсидини Шоҳин
Моҳи марти соли 2023 аз ҷониби сокини ноҳияи Рӯдакӣ Худойдодов Рамазон як табар барои Комиссияи харидории Осорхонаи миллӣ пешниҳод гардид. Мутобиқ ба нақли Худойдодов Рамазон табарро соли 2005 аз ноҳияи Шамсидини Шоҳин (собиқ Шӯробод), аз наздикии деҳаи Хирманҷо, аз лаби дарёи Панҷ ҳангоми чаронидани чорво ёфтааст. Аз таҳқиқи аввал маълум гардид, ки табар ба асри биринҷӣ тааллуқ дорад. Аз ин рӯ роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба хулоса омаданд, ки мутахассисони Осорхона аз ҷойи бозёфти табар боздид намоянд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Мутобиқи супориши директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода З.С. бо мақсади омӯзиш ва корҳои ҷустуҷӯӣ-бостоншиносӣ дар макони ёфт шудани табар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ду нафар корманди осорхона, муовини сардори раёсати фондӣ ва бақайдгирӣ М. Каримдодов ва сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ М. Бобомуллоев аз санаи 12.04.2023 то 15.04.2023 ба сафари хизматӣ фиристода шуданд.
Ҷойи бозёфт шудани табар тақрибан ду километр ғарбтар аз деҳаи Хирманҷо, дар тарафи рости шоҳроҳи Шамсиддини Шоҳин – Дарвоз дар лаби дарёи Панҷ ҷойгир мебошад. Мутаассифона ҷойи ёфт шудани табарро оби дарёи Панҷ шуста нест кардааст. Дар ҳамин мавзеъ дар масофаи аз 200 то 500 м якчанд қурғони сангӣ ва дар масофаи тақрибан як киллометр теппаи намак ҷойгир мебошанд. Аз ҳама ҷолиб тақрибан ду киллометр дуртар ба самти шарқ аз макони бозёфти табар ва дар паҳлӯи деҳаи Хирманҷо маконе кашф гардид, ки мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Макони мавриди назар дар ҳамворӣ ҷойгир буда, аз якчанд теппачаҳои сунъӣ, ки дар паҳлӯи онҳо қатори сангҳои обӣ ва кӯҳӣ мушоҳида мешавад, ҷой гирифтааст. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки сангҳо табиӣ гузошта нашудаанд, зеро дар як хати рост пайи ҳам чида шуда, дар кунҷ гардиши росткунҷа мушоҳида мешаванд. Ҳамзамон аз ин макон ду пораи сафол ёфт шуданд.
Табари Хирманҷо ба навъи табар-келт дохил мешавад. Табар-келт аз боло сӯрох буда, лаби сӯрох каме шикаста шудааст. Дар муқоиса бо дигар табар-келтҳои Осиёи Миёна метавон гуфт, ки табари аз деҳаи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бозёфт шуда, камназир буда, камёфт мебошад. Инчунин, ин навъи табар-келт дар ҳудуди Тоҷикистон ягона ва бозёфти нодир мебошад. Ҳатто эҳтимол меравад, ки дар Осиёи Миёна ягона бошад. Айни ҳол бозёфти мазкур аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ мавриди омӯзиш қарор дошта, хулосаи он дар шакли мақолаи илмӣ пешниҳоди аҳли илм в дӯстдорони осори ниёгони тоҷикон гардонида мешавад.
Пас аз омӯзиши дақиқи мавзеъи мазкур бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар ин макон ёдгории аҳди биринҷӣ мебошад ва бори аввал аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллӣ кашф гардид. Ҳамзамон, ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар оянда метавонд дар ин мавзуъ равшанӣ ва тағйироти ҷиддӣ ба амал биорад.