БАРҚИ ТОҶИК: ЗАХИРАИ ОБ ТО ОХИРИ ЗИМИСТОН БАСАНДА АСТ, АММО …

Аз имрӯз интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад. Дар ин бора Ширкати «Барқи Тоҷик» бо ирсоли як муроҷиатнома ба сокинони мамлакат иттилоъ додааст. Ширкати мазкур сабаби маҳдудияти муваққатӣ дар баъзе минтақаҳои кишварро идомаи корҳои профилактикӣ дар пойгоҳҳои барқӣ ва омода сохтани таҷҳизоти танзимкунандаи неруи барқ барои давраи зимистон шарҳ додааст. Шарҳи ин хабар дар пешниҳоди Бахтиёри Зоир:

Ширкати «Барқи Тоҷик» бо ирсоли як муроҷиатнома ба сокинони мамлакат иттилоъ додааст, ки аз имрӯз интиқоли неруи барқ дар кишвар ба таври пурра ҷорӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки чанд муддат боз дар баъзе минтақаҳои мамлакат мушкилоти қатъ шудани неруи барқ, асосан рӯзона ба мушоҳида мерасид. Масъулини ширкати «Барқи Тоҷик» сабаби ин мушкилотро идомаи корҳои профилактикӣ дар пойгоҳҳои барқӣ ва омода сохтани таҷҳизоти танзимкунандаи неруи барқ барои давраи зимистон шарҳ додаанд. Ҳоло ба таъкиди мутахассисони ширкат ин мушкилот рафъ шудаву имкони дастрасии доимии сокинон ба неруи барқ муҳаё гардидааст. Дар муроҷиатнома дар ин хусус чунин омадааст: «Дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад. Имсол бо сабаби вазъияти маълум ин амал кашол ёфт, ки барои ин аз муштариёни муҳтарам маъзарат мехоҳем».

Мавриди зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Вале то ҳанӯз мушкилоти камбудии нерӯи барқ дар давраи зимистон ба мушоҳида мерасад. Сабаби он ҳам истифодаи нодуруст ва ғайриқонунии неруи барқ аз ҷониби сокинон ва баъзе коргоҳу корхонаҳо мебошад. Ба ҳамин хотир ширкати “Барқи Тоҷик” аз тамоми муштариёни нерӯи барқ хоҳиш ба амал овардааст, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд. Бахусус, соли ҷорӣ, ки ба гуфтаи мутахассисони ин ширкат «аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад».

Дар муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба сокиноин мамлакат омадааст, ки «обанбори нерӯгоҳи “Норак” ҳанӯз 2 сентябри соли 2020 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шуд, вале бо сабаби дар моҳҳои охир кам шудани оби дарёи Вахш ва нисбат ба солҳои гузашта беш аз ду метр кам гардидани захираи оби обанбори нерӯгоҳ, инчунин, аз рӯи пешгӯиҳои обу ҳавошиносон хунук омадани зимистони дарпешистода ҳар як сокини кишвар бояд ба масъалаи истифода бурдани нерӯи барқ боинсофона, сарфакорона ва бо масъулияти баланд муносибат намояд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳад».

Ҳанӯз чанд моҳ қабл мутахассисони Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат гуфта буданд, ки соли ҷорӣ яке аз солҳои гармтарин ва камоб дар миқёси минтақа ва махсусан, Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин дар ҳолест, ки дар кишвари мо 99 фоизи нерӯи барқ аз ҳисоби об истеҳсол карда мешавад, яъне бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бевосита аз захираҳои об вобаста мебошад. Ҳамин сабаби муваққатан маҳдуд гардидани дастрасии сокинон ба неруи барқ дар баъзе минтақаҳои кишвар гардид.

Мушкили дигаре, ки аҳолии мамлакатро дар ин самт интизор аст, ин тулонӣ омадани давраи сардӣ дар кишвар будааст. Ба ҳамин хотир Ширкати «Барқи Тоҷик» аҳолии мамлакатро хотиррасон кардааст, ки «тибқи таҳлилҳо зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем».

Зоириён Бахтиёр

«Садои Душанбе»

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE