ДАР ДУШАНБЕ ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ШУД!

Нимаи дуюми рӯзи 9 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот, тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 38 масъала қабул ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии онҳо шурӯъ намуданд.

Тибқи рӯзномаи иҷлосияи чорум, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳмон, Маҳмадшоҳ Гулзода, Шарифҷон Ҷумъазода ва Фарҳод Раҳимӣ маърӯза карда, нисбат ба қонунҳои баррасишаванда хулоса доданд.

Зимни иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои дар бахши хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми пойтахти мамлакат ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти роҳкироро ба танзим дароварда, додани имтиёзҳоро барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ пешбинӣ менамоянд, муҳокима ва ҷонибдорӣ карданд.

Аъзои  Маҷлиси миллӣ нисбат ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ», ки пурзӯр кардани баъзе намудҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмуриро пешбинӣ намуда, дорои хусусияти такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷонибдорӣ  изҳор карданд.

Дар ҷараёни иҷлосия бо пешниҳодҳои Президенти мамлакат бо сабаби ба кори дигар гузаштан судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода ва бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтулло Раҳматуллозода ва Давлатмо Додихудозода аз вазифа бозхонд карда шуданд.

Инчунин тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон иваз карда шуд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо мақсади такмил додани фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он таҳия карда шуданд, баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ҳамзамон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, ки вақтҳои охир боиси муроҷиатҳои зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, ҷалб намуданд.

Аз ҷумла,    оид ба масъалаи ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон ва солимии ҷомеа ибрози назар карда, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ афзуданд, ки саломатии ҳар фард аз сатҳи хуби хизматрасонии тиббӣ, ташхиси пурраю саривақтӣ ва таъйиноти дурусти табибон вобастагии калон дорад. Зарурати  роҳандозӣ намудани низоми самараноки хизматрасонии сатҳи аввалияи тиббӣ дар мамлакат, риояи тартиби хизматрасонии тиббӣ, аз байн бурдани зиён ва хавф ба ҳаёти беморон ҳангоми расонидани кумаки тиббӣ, ташхиси касбии аниқу мушаххаси беморӣ, таъйиноти доруворӣ, бахусус пешгирӣ кардани таҳияи  дорухатҳои ба истилоҳ «фармоишӣ» ва водорсозии бемор барои хариди доруворӣ аз дорухонаҳои муайян таъкид гардид. Дар робита ба ин, Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон уҳдадор гардид, ки бо мақсади такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти хизмативу касбии табибон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб, масъалаҳои зикргардидаро якҷо бо сохторҳои марбутаи давлатӣ омӯхта, таклифҳои асоснок манзур намояд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи таҳлили вазъи бозори дохилӣ ибрози ақида намуданд, ки миёни ширкатҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ рақобати солим ба назар намерасад ва яке аз омилҳои чунин ҳолат камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муваззаф гардиданд, ки қонунгузории кишварро дар самти инҳисорӣ, иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти зиддиинҳисорӣ ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати таъмини рақобати солим дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани масъулияти мақомоти ваколатдори давлатӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар самти сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ғизои мусофирон ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии авиатсияи гражданӣ ва боло бурдани нуфузи ширкатҳои ватании соҳаи авиатсияи гражданӣ дар арсаи байналмилалӣ ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дастур дода шуд, ки масъалаи мазкурро бо инобати таҷрибаи ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ омӯхта, ҷиҳати таҷдиди назар кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Инчунин ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти сохторҳои дахлдорро ҷиҳати пешгирӣ ва сари вақт ошкор  кардани ҳолатҳои ғасби ғайриқонунии заминҳо ва сохтмони манзили истиқомативу дигар иншоот дар онҳо пурзӯр намоянд.

Бо ҳамин иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

АМИТ “Ховар”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE