Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара мулоқот намуданд

27 апрел дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

Дар мулоқот Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати мамлакат, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон вобаста ба вазъи буҳронии ҷаҳони муосир баррасӣ кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, шиносоӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ, вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим, таъсири он ба иқтисоди мамлакат ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо вазифадорем дар чунин вазъият ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем.

Таъкид гардид, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се-чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ доир ба зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Бо назардошти ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок зарур шумурда шуд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда чораҷуӣ намоянд.

Вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ва коҳиш додани ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо дар вилоят роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои саривақтиву босифати барномаҳои давлатии қабулгардида тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

Масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, тадбирҳои мушаххас амалӣ намоянд.

Ҳифзи сиҳатии мардум ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Аз ин рӯ роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки доир ба бартараф кардани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиб, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи қонунияту тартибот ва волоияти қонун дар вилояти Хатлон, пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва таъмин намудани волоияти қонун андешаронӣ карда, дар назди масъулини вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, махсусан аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони болаёқат дар мадди назари Роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, аз ин рӯ барои ҳалли ин масъала роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳо оид ба корҳои ҷавонон, занон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифадор шуданд.

Дастуру супоришҳои дигар ба раисони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вобаста ба сарфаю сариштакор будани мардум, роҳ надодан ба исрофкорӣ, беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ, ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои кишт дода шуд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони якчанд вазорату идораҳои давлатӣ ҳисобот доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE