Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд
Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷонибҳо аснои мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри тақвияти ин муносибатҳо дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, роҳу нақлиёт ва хизматрасонӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории некро бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Туркманистон низ ба роҳ монда, бо мақсади тақвияти бештари робитаҳои байниҳукуматӣ аз имконот ва шароити мавҷуда самаранок истифода менамояд.