Федератсияи ҷудои Тоҷикистон фурӯши чиптаҳоро оғоз намуд
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон фурӯши чиптаҳоро ба аввалин мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран Прии Душанбе оғоз кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Чиптаҳоро барои ҳар рӯзи мусобиқа ба таври алоҳида метавонед аз қароргоҳи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Неъмат Қарабоев,17/1) харидорӣ кунед.
Нархи як билет 50 сомонӣ буда, маблағи аз ин ҳисоб бадастомада бо дастури президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба корҳои хайр сарф мешавад.
2-4 июни соли 2023 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ нахустмусобиқаи сатҳи байналмилалии ҷудо дар Тоҷикистон- Гран Прии Душанбе баргузор мегардад.