Намояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи сатҳи баланд оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ иштирок намуд
Дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ иҷлосияи сатҳи баланд оид ба бозбинии миёнамуҳлати чаҳорчӯби Сендай оид ба коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ доир гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода намояндагӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар иҷлосия намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарияти СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар иҷлосия зарурати татбиқи чаҳорчӯби Сендай ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувори Рӯзномаи 2030-ро таъкид намуда, роҷеъ ба тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон дар татбиқи ин ҳуҷҷат, аз ҷумла таҳияи «Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2022-2027» ибрози андеша намуд.
Иштирокдорони иҷлосия оид ба дастовардҳо дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои чаҳорчӯби Сендай, инчунин мушкилию камбудиҳо дар роҳи амалӣ намудани он табодули афкор намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон