Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд

Дар Виннипег, маркази маъмурии музофоти Манитоба дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар  ҳалок ва ду нафар захми вазнин бардоштаанд. Дар ин хусус полиси маҳаллӣ хабар додаст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа».

Тибқи гузориши матбуотии полис, полисҳо ба ҷои ҳодиса омада, панҷ нафарро пайдо намуданд.

Марду зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се осебдида ба беморхона интиқол дода шуданд, ки яке аз онҳо дертар вафот намуд, ду нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE