«МЕРОСИ ХАТТИИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар «Қалъаи Хуҷанд» намоиши нусхаҳои нодири дастнависҳо ифтитоҳ ёфт
3 сентябр дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб (4 сентябр) таҳти унвони «Мероси хаттии тоҷикон» намоиши муштараки Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур то 20 сентябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, Омири кулли Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов ва намояндаи раёсати фарҳанги вилоят доир ба аҳамияти мероси хаттии тоҷикон ва ҳифзу муаррифии шоистаи онҳо сухан намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 30 нусхаи нодири дастнавис ва чопи сангие, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ- ирфонӣ, адабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, инчунин намунаҳои гуногуни ҳунари хушнависӣ аз ашъори классикони форсу тоҷик, ки аз ҷониби хаттоти чирадасти тоҷик Комилҷон Саидолим китобат шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки хусусияти асосии осори ба намоиш гузошта, пеш аз ҳама, дар он аст, ки котибони нусхаҳои дастнавис аз минтақаҳои гуногуни ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, аз ҷумла, Ҳисор, Нуробод, Файзобод, Рашт, Дарвоз, Яғноб, Хуҷанд, Исфара ва Бохтар мебошанд. Ин далели равшан ва раднопазири рушд ва ташаккули ҳунари китобдориву китобнависии тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърихӣ мебошад. Ҳамзамон ин осор аҳамияти баланди илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ доранд.