КОРДХӮРИИ ПАҲЛАВОНИ МАЪРУФИ ТОҶИК ДАР ХУҶАНД, БОЯД БА МУСОБИҚАИ ҶАҲОНӢ МЕРАФТ

Мубинҷон Аҳмадов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки соли равон дар қаҳрамонии Осиё дар риштаи гӯштини навъи юнониву румӣ дар Ҳинд медали биринҷӣ гирифт, дар шаҳри Хуҷанд корд хӯрд. Ин гӯштингири 24 – сола айни ҳол бо захми корд дар беморхонаи Хуҷанд бистарӣ аст.

Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД дар вилояти Суғд гуфт, ҳодисаи кордзанӣ 6-уми декабр дар занозании гуруҳӣ пас аз бозии футбол дар боғи “Ғалаба” – и шаҳри Хуҷанд рух дода, мақомоти милитсия гумонбаронро боздошт намудааст.

Ба иттилои ӯ кормандони милититсия муайян кардаанд, ки ҷавони 21 ва ноболиғи 15 – солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии “Ғалаба”, воқеъ дар маҳаллаи 18 – уми шаҳри мазкур бо ду ҷавони 24 – солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. “Сипас ноболиғи 15 – сола бо корд 1 маротиба ба шиками ҷавони 24 – сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24 – сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, – гуфт сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд. Ба иттилои ин манбаи мӯътамад, дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба гуфти худи варзишгар, ки баъд аз ҷарроҳӣ дар беморхона бистарист, ҳангоми футбол бо яке аз бозингарон муноқишаи лафзӣ мекунанд. “Узр пурсида, ба бозӣ идома додем. Баъд аз берун баромадан қариб бо 25 нафар якҷо шуда, ба ман ҳамла карданд ва яке аз онҳо бо корд зад. Шахсан кӣ бо корд зад, надидам”, – гуфт ин варзишгари тоҷик.

Ба гуфти табибон корд ба шушу ҷигар ва атрофи гурдаи Мубинҷон осеб расондааст. Аз ҷарроҳии ӯ як ҳафта мегузарад, аммо ӯ то ҳанӯз роҳ гашта наметавонад.

Ба иттилои Акбар Шарифӣ дар робита ба ин ҳодиса бар зидди ду нафар парванда кушоданд. Яке аз онҳо 15-сола ва дигаре 21-сола буда, расман ба “авбошӣ” ва “қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ” муттаҳаманд. Манбаъ гуфт, навраси 15 – соларо ба ҳабси пешакӣ гирифта, гумонбари дуюмро бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ҷавоб додаанд.

Дар ин занозанӣ Исроил Умаров, яке аз дӯстони Мубинҷон Аҳмадов низ маҷруҳ шудааст. Исроил низ айни ҳол дар беморхона бистарист. Ӯ мегӯяд, ҳамлагарон ба синну сол аз онҳо хурд буданд. “Вақте ба рафиқам ҳамла карданд, барои муҳофизати ӯ рафтам. Ба ман низ ду корд заданд. Як корд ба пуштам ва дигараш ба паҳлӯям расид”, — гуфт ӯ.

Мубинҷон Аҳмадов гӯштингири тарзи юнониву румӣ аст ва мебоист аз 12 то 17-уми декабр дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Белгради Сербистон иштирок мекард. Ин гӯштингири тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи бонуффуз омодагӣ медид. Ӯ моҳи феврали имсол дар Ҳиндустон дар вазни 63 кило мақоми сеюмро гирифт. “Бояд дар сабқати ҷаҳонӣ дар Сербистон Тоҷикистонро муаррифӣ мекардам ва шояд бо ҷоиза бармегаштам, вале ин ҳодиса маро на танҳо аз ҷоиза маҳрум кард, балки шояд барои муддате аз пой афтонд”, – мегӯяд ӯ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷинятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE