НИГЕРИЯ: ОШКОРИ РАБУДАНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ

Дар Нигерия як гурӯҳи ҷангиёни мусаллаҳ ба мактаб ҳамла карда, тақрибан 400 хонандаро рабудаанд. Дар ин бора Агентиии ттилоотии Русия – “Новости” бо истинод ба нашрияи маҳаллии “Vanguard” хабар додааст.

Ин ҳодиса шоми ҷумъа дар шаҳри Канкара рух додааст. Ба навиштаи рӯзнома, ҳамлагарон дар кӯчаҳо тирандозии бераҳмона ташкил кардаанд. Пас аз мудохилаи хадамоти амниятӣ, онҳо ба канори шаҳр, ки дар он мактаби миёнаи илмии ҳукумат ҷойгир аст, фирор карда, дар муассисаи таълимӣ оташ кушодаанд.

Мақомоти полис, тавонистанд беш аз 200 хонандаро наҷот диҳанд ва тақрибан ҳамин теъдод толибилмон худ аз дасти ҷангиён халосӣ ёфтаанд. Ҳамзамон, рӯзнома қайд мекунад, ки пас аз ҳамла ба мактаб 406 нафар хонанда пайдо шуданд ва раванди баргардонидани кӯдакон идома дорад.

Гуфта мешавад, ки хонандагони мактаб шабро дар ҷангал сипарӣ кардаанд. Пас аз ҳамла, мақомот муваққатан ҳамаи мактабҳои иёлотро бастанд.

Шоми шанбе Президент Нигерия Муҳаммад Бухорӣ эълом доштааст, ки низомиён ҷоеро кашф кардаанд, ки ҷинояткорон он ҷо пинҳон шудаанд.

 

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE