Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Нишондиҳандаҳои калидии иқтисодии рушди воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар чор моҳи соли равон 8 фоиз, сатҳи таваррум 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа пасттар ҷамъбаст гардид. Чунин гуфта шуд дар ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода доир гардид. Дар ин хусус дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи ҳафтуми Шӯро муҳокима гардид. Инчунин гузориши масъулин оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ баҳри зиёд намудани ҷалби сармоягузории хориҷӣ, бо истифода аз усулҳои муосир ва истифодаи технологияи нави иттилоотӣ баланд бардоштани сатҳи касбии муҳоҷирон ва мутобиқ намудани онҳо ба бозори меҳнат, инчунин роҳандозии фишангҳои сиёсати монетарӣ ва дигар механизмҳо барои коҳиш додани хавфҳои таваррумӣ баррасӣ карда шуд.
Раиси Шӯро изҳор намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, бахусус вазъи иқтисоди глобалӣ, устувории макроиқтисодӣ ва суботи молиявӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардид. Дар чунин фазои мусоид фаъолияти бемамониати низоми бонкӣ нигоҳ дошта шуда, қурби пули миллӣ муътадил арзёбӣ гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шӯро бо пешниҳоди рӯнамоҳо марбут ба рушди ҳисоббаркуниҳои ғайринақдӣ, мутобиқ намудани баҳисобгирии молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва рушди бозори ипотекаро анҷом доданд. Дар ҷараёни пешниҳоди рӯнамоҳо гуфта шуд, ки вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасонии давлатӣ, ҳамчунин беҳтар намудани ҳисоботи молиявии корхонаҳои давлатӣ, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии бозори ипотека ва имконияти татбиқи он ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Таъкид гардид, ки солҳои охир шумораи ҳамёнҳои электронӣ қариб 2 маротиба афзоиш ёфта, ҳиссаи амалиёти ғайринақдии тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ анҷомдода аз 4,9 фоизи соли 2018 то 12,0 фоиз дар соли 2022 расонида шуд. Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи Шӯро рӯнамо вобаста ба мушкилиҳо ва роҳҳои таъмини рушди бозори ипотека дар ҷумҳурӣ, бахусус ҷиҳати дуруст баҳо гузоштани хавфҳои эҳтимолӣ дар бозори ипотека, пурзӯр намудани танзими фаъолияти бозори ғайриманқул, ба роҳ мондани мониторинг ва омори расмии нархи амволи ғайриманқул аз рӯи минтақаҳо аз ҷониби масъулин пешниҳод гардид.
Аз ҷониби Шӯро вобаста ба таъсиси махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасонии давлатӣ, коҳиши хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ, рушди бозори аввалияи ипотека қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон аъзои Шӯро дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати то ба охир пайгирӣ намудани масъалаҳои гузошташуда ва иҷрои бетаъхир ва сифатноки қарорҳои қаблан қабулшуда вазифадор карда шуд.
Бояд гуфт, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2018 таъсис дода шудааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон