Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон машғулияти таълимӣ ба анҷом мерасад

Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ машғулияти таълимӣ барои хонандагони синфҳои 2-11  анҷом ёфта, аз 2 июн хонандагон ба таътил мебароянд. Дар ин хусус котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи Мирзо хабар дод.

Бинобар анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023   фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, инчунин аттестатсияи хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилотӣ аз 3 то 15 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 то 20 июн гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE