Тоҷикистонро дар Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Қазоқистон 10 варзишгар муаррифӣ менамоянд

Аз 16 то 18 июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Қазоқистон оид ба намуди гӯштини ҷудо баргузор мегардад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар иштирок менамояд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо дар шаҳри Остона бо иштироки беш аз 300 варзишгари 43 давлати ҷаҳон доир карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар байни мардҳо, аз чумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг), Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (дар вазни -66 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг), Шодмон Ризоев (дар вазни -81 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг), Умедҷон Раҷабов (дар вазни -90 кг), Исроил Раҳимов (дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 150 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5 000 евро, барандагони медали нуқра 3 000 евро ва медали биринҷӣ 1 500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE