Дар шаҳри Кӯлоб бинои маъмурии Раёсати ҳифзи муҳити зист сохта мешавад

Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бинои маъмурии Раёсати ҳифзи муҳити зист иборат аз 5 ошёна сохта мешавад, ки анҷоми сохтмон моҳи сентябри соли 2023 дар назар дошта шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, зимни гузоштани санги асос барои бунёди бинои мазкур Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Баъди ба истифода додан дар бинои мазкур Раёсати минтақавӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб фаъолият менамоянд.

Арзиши лоиҳавии сохтмон 18 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бино аз 5 ошёна, толори техникӣ, озмоишгоҳҳои маркази обуҳавошиносӣ, осорхона, кабинетҳои корӣ ва китобхона иборат хоҳад буд. Тибқи маълумот, фармоишгари сохтмон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳакаш ҶДММ «Аркон» ва паймонкор ҶДММ «Дилафрӯз» мебошад.

Дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин маркази ҳунарҳои мардумӣ, ки дорои коргоҳи дӯзандагӣ ва табақтарошист, ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят зимни боздид аз коргоҳҳои мазкур бо соҳибкорон суҳбат намуда, ба онҳо барои бо сифати баланд пешкаш намудани маҳсулот ба мардум ва ҷалби аҳолӣ ба ҳунаромӯзӣ тавсияҳои муфид дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE