Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд

 Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби Котибот ва рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар рафти муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, иқтисодиёту коммуникатсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология маърӯза намуда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Зимни баррасии рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи таъмини ченаки ягона», ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.

Инчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ атрофи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» мубодилаи афкор намуда, ба ҷонибдории онҳо овоз доданд.

Дар ҷараёни иҷлосия пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳматулло Камолзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ қабул карда шуд.

Ҳамчунин пас аз баррасии пешниҳодҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Маҷлиси миллӣ оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод, оид ба таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ва Сарбанд номгузорӣ намудани он қабул гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE