Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро дар қолаби ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн масоили таҳкими муколамаи сиёсӣ дар чорчӯби Иттиҳод, ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокчӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амният ба ҳайси вазифаҳои рӯзмарра муайян гардиданд.

Ҳамзамон бо ин мубодилаи афкор атрофи доираи васеи масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ анҷом дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE