БОЗИҲОИ ТАЪХИРАФТОДАИ ДАВРИ ПАНҶУМИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2023 РӮЗҲОИ 29 ВА 30 ИЮН БАРГУЗОР МЕШАВАНД
Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои мавфуқмондаи даври панҷуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023-ро муайян кард.
Бозиҳои даври панҷуми лигаи олӣ рӯзҳои 29 ва 30 июн баргузор мешаванд. Баъди ин дар чемпионат танаффус оғоз мешавад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд. Равзанаи гузариши тобистона дар Тоҷикистон аз 1 июл то 28 июл идома хоҳад кард. Нимаи дуюми мавсим бо бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки рӯзҳои 29 ва 30 июл дар назаранд, шуруъ мегардад. Вохӯриҳои даври понздаҳуми лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 3 ва 4 август баргузор мешаванд.
️ Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 5
29 июн (панҷшанбе)
️ Оғоз – соати 17:30
«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»
«Куктош» – КМВА
30 июн (ҷумъа)
️ Оғоз – соати 17:30
«Эсхата» – «Истиқлол»
«Ҳосилот» – «Хуҷанд»
«Файзканд» – «Хатлон»