«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе зиёд намуд
Шуруъ аз 19 июл ширкати ҳавопаймоӣ «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе –Мюнхен-Душанбе ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом медиҳад. Дар ин хусус дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, зиёд шудани парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен на танҳо Тоҷикистонро ба давлатҳои Аврупо боз ҳам наздиктар месозад, балки барои мусофирон ҳангоми банақшагирии сафар имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Вақти парвоз аз Душанбе соати 00:10, аз Мюнхен – 17:00 ба вақти маҳаллӣ буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд.
Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон иҷро менамояд. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои муосири Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»