Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Авросиёии рушд иштирок намуд

30 июн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Авросиёии рушд Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Авросиёии рушд дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд. Дар ин хусус дар Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҷаласаро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаилов раисӣ намуда, дар он масъалаҳои ҳисоботи солонаи фаъолияти Бонки Авросиёии рушд, баҳогузориҳои аудити байналмилалӣ ва аудити дохилии Бонк, тақсимоти фоидаи ин ниҳод, диверсификатсияи сармояи оиномавии он ва дигар мавзуъҳо муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Таъкид гардид, ки новобаста ба таъсири вазъи иқтисодию молиявии глобалию минтақавӣ бақияи ҷории сандуқи сармоягузории Бонки Авросиёии рушд 5 миллиард доллари ИМА ва фоидаи Бонк 213 миллион долларро ташкил дод.

Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Бонки Авросиёии рушд  дар семоҳаи дуюми соли 2024 ба нақша гирифта шуд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE