Соли 2022 қариб 200 ҳазор меҳмонони хориҷӣ аз шаҳри Душанбе дидан намуданд
Соли 2022 192 ҳазор меҳмонон аз хориҷи мамлакат аз шаҳри Душанбе боздид намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 2 маротиба зиёд мебошад. Ин нуктаро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
«Зимни саёҳат меҳмонон аз гӯшаю канорҳои пойтахти мамлакат дидан намуда, ба санъати меъморию шаҳрсозӣ, шумораи боғу гулгаштҳо, хӯрокҳои миллӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ баҳои баланд доданд»,- гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 65 барнома баргузор карда шуд.