Вохӯрии Гурӯҳи кории Тоҷикистон бо ҳамтоёни қазоқистонӣ

30 июни соли 2023 вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини ҳокими шаҳри Остона Ерлан Бекмурзаев баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Қазоқистон низ ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар рафти сӯҳбат густариши масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва доир намудани намоиши молу маҳсулоти ватанӣ дар шаҳри Остона баррасӣ карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE