Ба Тоҷикистон 2 миллиону 551 ҳазор воя ваксинаи зидди бемории сурхча ворид гардид

3 июли соли равон ба Тоҷикистон 2 миллиону 551 ҳазор воя ваксинаи зидди бемории сурхча ворид карда шуд. Дар ин хусус маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақша дорад, ки байни кӯдакони аз 6 — моҳа то 15 -сола, ки 2 миллиону 633 ҳазору 54 нафарро ташкил медиҳанд, маъракаи ваксинагузаронӣ зидди бемории сурхчаро гузаронад.

Ногуфта намонад, ки аз 27 феврали соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии иммунопрофлактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид.

Барномаи мазкур бо мақсади тамини амнияти санитариву эпидемиологии аҳолии мамлакат, пешгирии пайдоиши паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ ва баланд бардоштани дастрасии сифатнокӣ ва самаранокии хитзматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак, таъмини дарозумрии аҳолӣ ва пурзўр намудани кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ таҳия шудааст.

Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои бандҳои барномаи мазкур бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд марҳила ба марҳила ба ҷумҳурӣ ваксинаҳо ворид карда мешаванд.

Дар шаш моҳи соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 430 ҳазор воя ваксинаҳои гуногун баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсияи идорашаванда ворид карда шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE