Имрӯз дар Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор мегардад

Имрӯз дар чаҳорчӯби иҷрои тавсияҳои «Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо иштироки 30 давлати Осиё баргузор мешавад. Дар ин хусус аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи генералии СММ 13 октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон намудааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имконе аст, ки пешрафтҳои ба дастомада дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар Конфронси сеюми ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои СММ дар Ҷопон моҳи марти соли 2015 қабул шудаанд, эътироф шаванд.

Соли 2016 Дабири кулли СММ «Маъракаи Сендай ҳафт»-ро барои ҳар хонавода дар муддати ҳафт сол амалӣ намуд. Ҳадафи он афзоиши чашмгири ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои дар ҳоли рушд бо ироаи ҳимояти кофӣ ва пойдор аз онҳо барои ҳимоят аз иқдоми миллии онҳо барои иҷрои ин барнома барои то соли 2030 мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE