Ширкати итолиёии «BTT Impianti» тасмим гирифтааст ба соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва тиҷорати Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд
Ширкати итолиёии «BTT Impianti» тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар бахши истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири яке аз намояндагиҳои ширкати итолиёии «BTT Impianti» дар Эрон дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ин хусус Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумита ба сармоягузорон доир ба фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод. Ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва тиҷорат суҳбат намуданд.
Зимни мулоқот ҷониби итолиёӣ хавасмандии худро барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои истихроҷи тилло, платина, палладий, мис ва нуқра иброз намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок баён намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон