Мулоқот бо дабири кулли Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Урдун

14 марти соли 2023 мулоқоти cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо дабири кулли Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Подшоҳии Ҳошимии Урдун хонум Лино Ал-Ҳадид доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Урдун дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE