Робитаҳо байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Чин мустаҳкам мегарданд

 Робитаҳо байни муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мустаҳкам мегарданд. Ин масъала зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд, хабар медиҳад, маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Ҳар ду ҷониб доир ба ҷудо намудани бурсияҳои таҳсил, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯзиши забони чинӣ, омӯзиши фарҳанги Тоҷикистон дар Чин ва робитаҳо байни муассисаҳои таълимии ду давлат изҳори назар намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз гардид, ки ин ҳамкорӣ дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол рушд менамояд.

Ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (1 феврали соли 2002), Протоколи иловагӣ ба Созишномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (15 январи соли 2007) ба роҳ монда шудааст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE