ДАР ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ҶАЛАСАИ КОРӢ «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 26 июли соли ҷорӣ дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, КВД Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, масъулини раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, роҳбарон ва сармуҳосибони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври фосилавӣ, ҳамчунин дар толори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ҳузури сармуҳосибони муассисаҳои ҷумҳуриявии зертобеи вазорат ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа аз тарафи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед муҳимияти масъала ва саривақтӣ будани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ қайд  гардида, гуфта шуд, ки вобаста ба пешравии тараққиёти илму техникаи замони муосир ва дар иқтисодиёт ворид гардидани технологияҳои муосир ислоҳотҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ давра ба давра татбиқ гардида, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат низ ислоҳотҳои калони соҳавиро анҷом дода истодааст.

Дар идомаи ҷаласа намоядаи Бонки миллии Тоҷикистон Салоҳиддинов Шуҳрат Камолиддинович, сардори Идораи низоми пардохти Бонки миллӣ тамоми паҳлуҳои татбиқи хизматрасониҳои музднокро вобаста ба уҳдадориҳои ташкилотҳои молиявию қарзӣ ба ҳозирин ва шунавандагон иттилоъ дод. Ҳамчунин баъди саволҳои зиёди роҳбарон ва сармуҳосибони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номбурда қайд намуд, ки барои дар оянда фаъолияти муътадил намудан ба ташкилотҳои молиявию қарзӣ дастуру супоришҳои иловагӣ дода мешавад.

Намояндагони КВД Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” низ ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки тамоми роҳбарони муассиссаҳои алоқаманди соҳаро зарур аст, ки аз 1 августи соли ҷорӣ қабули пардохтҳои нақдиро катъ намуда, инфрасохтори заруриро барои қабули маблағҳо ба таври ғайринақдӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин таъмин намоянд.  Инчунин, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар рӯзҳои аввали манъи пардохтҳои нақдӣ шахсан ба аҳолӣ дар робита бошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE