Оид ба вохӯрии сафир бо раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Минск
4 августи соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Кухарёв Владимир мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тарафҳо раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла кооператсияи истеҳсолӣ байни корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Минск, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо моҳияти хоси дӯстонаи ҳамкориҳои тарафҳо байни ду кишварро дар умум ва пойтахтҳоро ба таври хос баён намуданд.
акс: ВКХ ҶТ