Дар бозори «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ 900 тонна ангиштсанг ба фурӯш гузошта шуд

Дар рӯзи аввали ярмарка — фурӯши ангиштсанг дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 900 тонна ин намуди сӯзишворӣ ба маркази маъмурии вилоят ва ноҳияҳо интиқол дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияи нави мамлакат бо мақсади сари вақт таъмин намудани сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маводи сӯхт дар бозорҳои ин минтақаи кӯҳистон ярмарка-фурӯши ангиштсанг ба роҳ монда мешавад.

Ба гуфтаи муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти тоҷик» Ҳусейн Асоев, «барои сари вақт иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли равон «Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба фасли тирамоҳу зимистон солҳои 2022-2023» корхонаҳои истеҳсоли ангишти мамлакат миқдори зарурии маводи сӯхт омода намуда, интиқоли онро, пеш аз ҳама, ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз карданд. Зеро рӯзҳои сард дар ин минтақа барвақт сар мешаванд ва имкони роҳбандиҳо дар рӯзҳои аввали фасли тирамоҳ бар асари бориш вуҷуд дорад. Аз ин рӯ бо дастури Сарвари давлат корхонаҳои истеҳсоли ангишти ҷумҳурӣ, аз ҷумла корхонаи фаръии «Шахтаи Яғноб», ҶДММ «Талко ресурс», кони ангишти «Зиддӣ», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» муваззаф гардиданд, ки аҳолии шаҳру ноҳияҳои ин вилоятро то фаро расидани фасли сармо пурра  бо ангиштсанг таъмин намоянд».

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, ки барои муътадил паси сар кардани фаслҳои тирамоҳу зимистон сокинони вилоят ва кормандони идораву муассисаҳои иҷтимоӣ ба беш аз 38 ҳазор тонна ангиштсанг ниёз доранд, ки аз нисф бештари он дар анборхонаҳои ин муассисаҳо захира шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE