Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 200 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд

Имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Роҳбарияти донишкада зимни нишаст иброз намуд, ки дастпарваронашон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 200 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки бештари онҳо аз Ӯзбекистон мебошад. Ҳамчунин иброз гардид, ки дар соли ҷорӣ аз ҳисоби духтарон 25 нафар донишкадаи мазкурро хатм карданд ва аз онҳо 15 нафарашон ба кор қабул карда шуданд.
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE