Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо фаъолияти Корхонаи сангу шағалбарории ширкати «Вибилд» шинос шуданд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо корхонаи сангу шағалбарории ширкати “Вибилд” шинос шуданд.

Корхонаи мазкур аз 3 хати истеҳсолӣ иборат буда, дар як соат ба миқдори 3000 тонна масолеҳи андозаашон 0-300, 150-40 ва 0-40 миллиметр истеҳсол менамояд.

Барои истеҳсоли сангу шағал аз анборҳои захиравӣ тариқи мошинҳои гаронвазн маводи алювиалии андозаашон 0-700 милиметр, ки аз кони рақами 15 кашонида, захира гардидааст, ба корхонаи истеҳсоли сангу шағал оварда мешавад.

Маводи кашонида дар марҳилаи аввал аз қитъаҳои дастгоҳи сангмайдакунӣ ва хатҳои наворӣ мегузарад.

Дар қисми дуюми хати истеҳсолӣ масолеҳи коркардшуда аз дастгоҳҳои сангмайдакунандаи конусӣ гузашта, дар элакҳои истеҳсолӣ ба андозаҳои 20-40, 5-20 ва 0-5 миллиметр ҷудо мешавад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи мазкур шуруъ аз моҳи марти соли 2023 истеҳсоли маводи полоишии андозаашон 0-10, 0-40 ва 5-40 миллиметр ба роҳ монда шудааст, ки дар қисмҳои поёнӣ ва болоии ядрои сарбанди асосии неругоҳ истифода мегарданд.

Ба андешаи мутахассисон, мувофиқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ бояд лойнокии шағал аз 1 ва рег аз 3 фоиз зиёд набошад.

Маводи захирашуда ба воситаи тасмаи сарбастаи ҳаракаткунандаи резинӣ аз нақби зеризаминӣ ба хати истеҳсолии 3-юм интиқол дода, ҷиҳати таъмини талаботи стандартӣ бори дигар шуста мешавад.

Корҳои сохтмони қитъаи истеҳсоли регу шағал соли 2018 аз тарафи ширкати хориҷии “Вибилд” ба роҳ монда, соли 2021 истеҳсоли маводи сохтмонӣ оғоз гардидааст.

Барои истеҳсоли омехтаи бетон қитъаи истеҳсоли регу сангрезаи рақами 10 хизмат мерасонад, ки дар навбати худ масолеҳи сохтмонии регу сангрезаи андозаашон гуногун истеҳсол менамояд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” коргарон аз тамоми имконияти мавҷуда ва техникаву механизми муосири соҳавӣ самаранок истифода мекунанд ва ҷиҳати таъмини саривақтии масолеҳи сохтмонӣ тадбирҳои амалӣ меандешанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE