Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 300 кӯдак бунёд гардидааст.
Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, дорои имкониятҳои хуби таълиму тарбия мебошад.
Синфхонаи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мувофиқ ба завқи кӯдакон бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар» дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи хуб дониста шуд ва сокинони шаҳри Панҷакент самимияту миннатдории хоси худро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ташкили фазои мусоиди таълим баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.