ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР МД “ПАЖӮҲИШГОҲИ ЭКСПЕРТИЗАИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ ВА ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН”
Дар соли 2020 ба Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” 1186 нафар барои хизмати амбулаторӣ муроҷиат намуданд, ки аз ин миқдор 836 нафар нахустмуроҷиат буда, 348 нафар такроран муроҷиат намуданд, аз ҷумла, истиқоматкунандагони шаҳр 388, деҳот 798 нафар, кӯдакон 1124 нафар, кӯдаки маъюб 216 нафарро ташкил намуд, аз 62 нафар калонсолон ҳамагӣ 6 нафар гуруҳи маъюбӣ 5 нафар, гуруҳи 3 як нафарро ташкил намуданд.
Таҳлил нишон дод, ки аз муроҷиати умумӣ 96,4% – ро бемории асаб ва 94,3% – и онро кӯдакон ташкил додааст. Такроран муроҷиатнамудагон 29,3% – ро ташкил намуданд.
Дар бахши табобатӣ ҷиҳати тавонбахшии маъюбон, мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа ва устуворияти ҷисмониву равонӣ 1657 нафар табобат гирифтанд, ки ин 17989 кат/рӯзро ташкил медиҳад.
Дар ҷадвали зерин рушди сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба маъюбон дар соли гузашта оварда шудааст.
Нишондиҳандаҳо |
2019 | 2020
(то 10.12.2020) |
Фарқият |
Шумораи катҳо | 60 | 60 | – |
Иҷроиши кат/рӯз | 21161 | 17989 | -3172 |
Қабулшудагон, аз ҷумла: | 1969 | 1657 | -312 |
– сокини деҳот | 1030-52,3% | 881 – 53,1% | -149 |
– сокини шаҳр | 939-47,7% | 776 – 46,9% | -163 |
– кӯдакон | 612-31,1% | 582 – 35,1% | -30 |
Ҷавобшудагон | 1973 | 1616 | -357 |
Муҳлати миёнаи бистарӣ | 10,7 | 11,1 | +0,4 |
Бандшавии катҳо | 352,7 | 299,8 | -52,9 |
Гардиши кат | 32,9 | 27,3 | -5,6 |
Маъюби гурӯҳи 1-ум | 111 | 82 | -29 |
Маъюби гурӯҳи 2-юм | 349 | 272 | -77 |
Маъюби гурӯҳи 3-юм | 124 | 78 | -46 |
Кӯдаки маъюб | 528 | 478 | -50 |
Аз 60 сола боло, ҳамагӣ | 168 | 165 | -3 |
– зан | 66 | 62 | -4 |
– мард | 102 | 103 | +1 |
Аз таҳлили нишондиҳандаҳои дар ҷадвал овардашуда бармеояд, ки аз 1657 нафар беморони бистаришуда 104 нафарашон тариқи буду боши рӯзона қабул гардидаанд. Аз ин шумора, 42 нафар кӯдаки маъюб, 5 нафар маъюби гурӯҳи 1-ум, 30 нафар маъюби гурӯҳи 2-юм, 10 нафар маъюби гурӯҳи 3-юм, 3 нафар камбизоат ва 15 нафар нахустмуроҷиат, иштирокчии СНАБЧ – 1 нафар мебошад.
Аз шумораи умумии бистаришудагон 881 нафар ё 53,1% сокинони ноҳияву деҳот, 776 нафар ё 46,9% сокинони шаҳр ва 582 нафар ё 35,1%-и онҳо кӯдакон маҳсуб меёбанд. Аз ҷумла, маъюбони гуруҳи 1 – 82 нафар, гуруҳи 2 – 272 нафар ва гуруҳи 3 – 78 нафар, 478 нафар кӯдакони маъюб ташкил намуданд.
Чӣ тавре аз ҷадвал бармеояд иҷрои кат/рӯз дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 3172 рӯз ба таври манфӣ коҳиш ёфтааст. Бандшавии катҳо 299,8 рӯзро ташкил кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,9 рӯз ба таври манфӣ коњиш ёфтааст. Гардиши кат 5,6 маротиба кам гардидааст.
Дар ин давра қабули шаҳрвандон нисбати соли 2019 коҳиш ёфтааст, сабаби он ба ҳолати эпидемиологӣ дар кишвар нисбат ба сирояти коронавируси нави COVID 19 ва чораҳои андешидашавандаи зидди эпидемикӣ вобастагӣ дорад.
Аз ҳисоби умумӣ дар ҳамин давра шахсони синну соли аз 60 боло ҳамагӣ 70 нафарро ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 нафар зиёд буда, аз нисф зиёди онҳоро занон ташкил додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар толори варзиши муолиҷавӣ 1014 нафар беморон офиятбахшии ҷисмонӣ гирифтанд, ки аз онҳо 453 нафарашон кӯдакони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ мебошанд. Бояд қайд намуд, ки маъюбоне, ки шароити бистарӣ шудан надоранд тариқи амбулаторӣ дар толори мазкур табобат мегиранд, чунин маъюбон 778 нафарро ташкил намуданд.
Дар ҳуҷраи маҳсдармонӣ дорои сандалии барқӣ 271 нафар, курсии маҳси барқӣ 145, кати маҳси барқӣ 135, маҳси ларзиши барқӣ 182, УВЧ 405, УФО 80, дарсанвал 135, электрофорез 300, инчунин маҳси дастӣ 171 нафарро ташкил намуданд. Қайд кардан зарураст, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби истифода аз таҷҳизоти нав ва кушодани ҷуҷраи иловагии тандармонӣ шумораи муроҷиатҳо зиёд гардидааст.
Дар ҳуҷраи гиёҳдармонӣ бо истифода аз растаниҳои шифобахши ватанӣ ҳамарӯза ба беморони бистаришуда, инчунин беморони амбулаторӣ табобати гиёњдармонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра ба 1657 беморони бистаришуда ва ба 1186 нафар ниёзманд амбулаторӣ хизмат расонида шуд.
Дар ҳуҷраи озмоишӣ дар давраи ҳисоботӣ 3778 таҳлил гузаронида шудааст, аз ҷумла таҳлили хун 1754 нафар, таҳлили пешоб – 1842 ва таҳлили қанд – 180 нафарро ташкил намуданд, нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 1097 нафар кам мебошад.
Дар ин давра ба 1950 нафар беморон ташхиси ултрасадо гузаронида шуд, аз ҷумла маъюбон 617 нафар, кудаки маъюб 82 нафар. Тањлил нишон медињад, ки мурољиати зиёд аз бемории гурда ва пешобдон мебошад.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
“Садои Душанбе”