КОРОНАВИРУС ДАР АНТАРКТИДА

Антарктида то имрӯз ягона қитъае буд, ки дар он коронавирус ҷой надошт, вале минбаъд он ҳам қитъае нест, ки ба пандемияи COVID-19 гирифтор нашудааст.

Хабаргузории “Tercera” бо такя ба қувваҳои мусаллаҳи Чили иттилоъ дод, ки 36 нафар дар истгоҳи илмии Чили гирифтори коронавирус шудаанд. Ҳодисаҳои сироятёбӣ дар Истгоҳи илмии Антарктида ба номи Бернардо О’Хиггинс Рикелме ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки аз 36 нафар гирифторони COVID – 19, 26 нафарашон низомиён ва 10 нафар корандон аз як ширкати пудратчӣ мебошанд, ки дар пойгоҳ корҳои нақшавиро анҷом медодаанд.

Пас аз ошкор шудани нишонаҳои коронавирус, ҳамаи беморон ба замини калон интиқол дода шуда, биноҳои пойгоҳ бо маҳлулҳои зиддиуфунӣ поккорӣ карда шуданд.

Ҳамин тариқ, ҳоло коронавирус дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон паҳн шудааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон то рӯзи 24 декабр ҳудуди 60 миллион нафар гуфта мешавад.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE