Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи BAKU GRAND SLAM-2023 иштирок менамоянд
Ҳайати ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо «World Judo Tour» – BAKU GRAND SLAM-2023 иштирок мекунанд.
Мусобиқа рӯзҳои 22-24 сентябр дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку бо иштироки ҳудуди 313-варзишгар аз 57-кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи BAKU GRAND SLAM-2023 варзишгарони зери намояндагӣ мекунанд:
Дар вазни -60кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов
Дар вазни -66кг Эмомалӣ Нуралӣ
Дар вазни -73кг Муҳаммадшариф Наҷмиддинов
Дар вазни -81кг Шодмон Ризоев
Дар вазни -90кг Ҷаҳонгир Маҷидов
Дар вазни +100кг Мансур Раҳмон
Дар вазни +100кг Шакармамад Мирмамадов.
Фонди умумии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ба ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000-евро, ба барандагони медали нуқра 3000-евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 1500-евро ҷоизапулӣ тақдим карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки BAKU GRAND SLAM-2022 барои ҷудокорони тоҷик бисёр хотирмон сурат гирифта буд, зеро дар ин мусобиқа ду варзишгари шинохтаи кишвар Муллораҷаб Халифаев (-66кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) тавонистанд, ки натиҷаи назаррас нишон диҳанд. Дар ин мусобиқа Муллораҷаб Халифаев (-66кг) медали нуқра ва Темур Раҳимов (+100кг) медали тиллоро ба даст оварда буданд.