Варзишгари тоҷик Акмал Қодиров дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дастхобонӣ (Армрестлинг) сазовори ҷойи якум гардид

Варзишгари тоҷик Акмал Қодиров дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дастхобонӣ (Армрестлинг) ҷойи якумро ба даст оварда, сазовори медали тилло гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа аз 17 то 25 ноябр даp шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон идома меёбад.

Mусобиқа байни ҷавонон ва калонсолони маъюб доир шуда,  варзишгари тоҷик Акмал Қодиров дар вазни +90кг ҳарифони худро мағлуб намуд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарон аз 60 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

Ба ифтихори дастоварди варзишгари тоҷик Акмал Қодиров Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE