Дастоварди варзишгари ҷавони тоҷик дар Tashkent Grand Slam-2021

Варзишгари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров, ки дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2021 кишвари моро дар вазни то 60кг намояндагӣ мекунад, сазовори зинаи 5-ум дар ин вазн гардид. Мавриди зикр аст, ки ин варзишгари ҷавони тоҷик бори аввал дар чунин мусобиқаи бонуфузи байналмилаӣ иштирок мекунад. Ба ин нигоҳ накарда паҳлавони 19-солаи мо тавонист дар аввалин ҳунарнамоии худ дар чунин мусобиқаи бузург, байни калонслон истеъдоди баланд нишон дода, ба гирифтани зинаи 5-ум сазовор гардад.

Боиси ифтихор аст, ки ин варзишгари ҷавон дар аввалин иштироки худ дар чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бар чанд варзишгари ботаҷриба, аз ҷумла Янислав Герчеви булғористонӣ ва Артём Колосов аз Беларус пирӯз гардид. Барои роҳ ёфтан ба нимфинал ӯ аз намояндаи Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов мағлуб гашт. Вале баъдан дар даври тасаллобахш боз як варзишгари ботаҷрибаи дигар аз Гурҷистон Ҷаба Папинашвилиро мағлуб намуд. Дар рақобат барои зинаи сеюм ва медали бириҷӣ бошад Шаҳбоз аз паҳлавони 24-солаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Комрон Нуриллоев, ки таҷрибаи бойи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро дорад, бо нишон додани се “шидо” аз ҷониби довар мағлуб шуд.

Зоириён Бахтиёр

САДОИ ДУШАНБЕ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE