Сафари рӯзноманигорон ба ёдгории таърихии “Тахти Сангин”

Гурӯҳе аз рӯзноманигоронии васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷии кишвар бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошноӣ аз ёдгории таърихии “Тахти Сангин” ба ноҳияи Қубодиён сафар карданд. Зимни сафар рӯзноманигорон бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр бо раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат дар иртибот шуданд. Зимни муошират раиси ноҳияи мазкур аз ободониву пешрафти ноҳия иттилоъ дода иброз дошт, ки то соли 2025 симои ноҳияи Қубодиён ба кулли тағир хоҳад ёфт. Баъдан рӯзноманигорон аз Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи мазкур дидан намуданд, ки онҷо чанде аз ёдгории таърихии “Тахти Сангин” мафҳуз нигоҳ дошта шудааст. Инчунин рӯзноманигорон ба мавзеи ёдгории таърихии “Тахти Сангин” сафар намуда аз ин саҳифаҳои таърихи гузаштаамон аз наздик ошнои пайдо намуданд. Аз ҷониби бостоншиносон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки “Тахти Сангин” бозмондаест аз шаҳри бостонӣ, ки дар пайвандгоҳи рӯди Вахш ва Панҷ қарор дорад. Мардуми таҳҷоӣ сарчашмаҳои ин рӯди хурӯшонро арҷ мегузоштанд ва аз ин рӯ ниёишгоҳе барои эзадрӯди Вахш дар ин шаҳр бунёд ниҳоданд. Меъмории ниёишгоҳи Вахш омехтаест аз оташкадаи зардуштӣ ва парастишгоҳи юнонӣ, ки 2300-2500 сол пеш сохта шудааст. Пойгоҳи бостонӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, дар фосилаи 600 метр аз марзи Афғонистон қарор дорад.
Ёдровар гардидан ба маврид аст, ки 2500 солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид гардидааст. Ин аз он далолат медиҳад, ки таваҷҷуҳи оламиён ба мавзеҳои таърихии Тоҷикистони азиз зиёд гардида, нисбат ба таърихи миллати кӯҳанбунёди тоҷик иттилои бештар пайдо мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE