Намояндаи Тоҷикистон дар машғулият оид ба оқибатҳои технологияҳои нави рақамӣ дар ИМА иштирок дорад
Аз 11 то 15 сентябр дар Маркази тадқиқоти стратегии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ (NESA), дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико машварат барои ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегузарад, ки дар он намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ иштирок дорад. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Машварат ба мавзуи «Дидгоҳҳои нави амниятӣ дар асри технологияҳои рақамӣ» бахшида шудааст. Дар он аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анварҷон Ализода иштирок дорад.
Зимни машварати мазкур рушди технологияҳои нави рақамӣ, манфиат ва зарари онҳо, инчунин истифодаи технологияҳои нави рақамӣ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир аз ҷониби олимону мушовирон ва мутахассисони касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни мубоҳисаю муҳокима аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор мегарданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон