Душанбе: Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Италия

4 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиджи Ди Майоро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот вазирон оид ба мавзӯъҳои рӯзномаи робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, нақшаи тамосҳои сиёсии дарпешистодаро муҳокима карданд. Ба рушди ҳамкорӣ бо Италия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ диққати махсус дода шуд.

Ҳамсуҳбатон ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Италияро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаҳонӣ зикр карданд. Тарафҳо роҷеъ ба вазъ дар Афғонистон  ва минтақа низ мубодилаи афкор намуда, мавқеи якдигарро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатарҳои амниятӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ омодагиро барои идомаи тамосҳо ва машваратҳои ҷонибҳо дар ҳама сатҳҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Италия ва минтақавӣ иброз намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE