Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши робототехника таъсис дода мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши робототехника ва озмоишгоҳҳои наву замонавӣ таъсис дода мешаванд. Ин тасмим аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода гирифта шуда, ҳамзамон дар заминаи онҳо ташкили ихтисосҳои нави мувофиқ ба талаботи замон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар робита ба ин ва амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ректори донишгоҳ ба ҳайати устодону кормандони факултети физика дастур дод, ки табодули устодону донишҷӯён ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишӣ дар хориҷи мамлакат зиёд гардида, омӯзгорон низ бояд аз даврҳои такмили ихтисос бештар гузаранд.
Таъкид шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои таркибии факултет, аз қабили самти ҷавонон, занон ва иттифоқи касабаи донишҷӯён садорат ва мудирони кафедраҳои марбутаи факултет бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон