Дарсазхудкунии донишҷӯёни «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар гардидааст

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино» аввалин муассисаи олии касбии кишвар мебошад, ки аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ва ба пуррагӣ барномаи таълимии ихтисосҳояшро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта, соҳиби сертификати мутобиқат ба стандарти Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ гардидааст”- дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ ректори ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино Муҳиддин Нуриддин изҳор дошт.

Ба гуфтаи масъулин сифати таълим ва дарсазхудкунии донишҷӯёни донишгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар гардида, дар сессияи имтиҳонии зимистона сифати таълим 16,6 ва дараҷаи азхудкунӣ 1,4 фоиз афзуда, сифати таълими донишҷӯён 65,4% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 92,9%-ро ташкил намуд.

Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири таълимӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE