Бахшида ба Рӯзи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши бошукуҳ баргузор шуд
Имрӯз бахшида ба Рӯзи Мавлоно ва Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки адабиётшиносон ва мавлавипажуҳон ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ хабар доданд.
Субҳ меҳмонон дар пояи муҷассамаи Мавлоно гул гузошта, бо осорхона ва намоиши гурӯҳи ҳунармандону хонандагон шинос шуданд.
Бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар мавзуи «Мавлоно ва фарҳанги ҷаҳон» конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Конференсияро директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода оғоз намуд.
Дар конференсия Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ дар мавзуи «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Аттори Нишопурӣ», мудири шуъбаи матншиносии Маркази мероси хаттӣ Алӣ Муҳаммадӣ дар мавзуи «Шуҳрати ҷаҳонии «Маснавии маънавӣ» ва ашъори устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Нуралӣ Нурзод шунида шуд.
Дар бахши дуюми ҳамоиш муовини директор оид ба илм ва таълими Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ иштирокчиён ва ҳакамони озмуни «Маснавихонӣ»-ро бо тартиби баргузории озмун шинос намуд.
Озмун давоми ду рӯз дар 4 зина давом намуда, 29 сентябр ғолибони озмун бо мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ