Дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия иштирок менамояд

Аз 4 то 7 октябр дар шаҳри Одивелоси Португалия дар доираи «World Judo Tour» Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 9 варзишгари тоҷик иштирок менамоянд. Дар ин хусус  Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия Тоҷикистонро Садриддинзода Фазлиддин (-66кг), Абубакр Шеров (73кг),   Муҳиддин Асадуллоев (73кг),   Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (81кг),  Сайфидин Сайфидинзода (81кг), Сомонӣ Кишваров (90кг),  Умедҷон Раҷабов (90кг), Парвиз Абдураҳмонов (100кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (100кг) муаррифӣ менамоянд.

Дар мусобиқа иштироки 582 варзишгар аз 75 давлати ҷаҳон дар назар аст.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE