Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар идомаи сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳо дар ҳошияи иҷлоси 25-уми Маҷмаи Умумии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Милали Муттаҳид (UNWTO), 18 октябри соли 2023 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва филиали он дар вилояти Суғд дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд, ки ба масоили мубрами рушди сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ки дар чорабинии мазкур намояндагони Донишгоҳи Ванвителлии Италия, Донишгоҳи Деҳлии Ҳиндустон, Донишгоҳи давлатии Белоруссия ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ширкат варзида, доир ба масоили болозикр табодули афкор намуданд.

Дар идомаи кори конференсияи байналмилалӣ маросими бастани созишномаҳои ҳамкорӣ доир гардид, ки дар доираи он созишномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд дар фазои тантанавӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамзамон, вобаста ба табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар, ташкил ва баргузор намудани семинару конференсияҳо шартнома байни Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд ва филиали Донишгоҳ дар вилояти Суғд ба имзо расонида шуд.

Дар баробари ин, намояндагони Донишгоҳ ва филиали он дар васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти муассиса ва самтҳои асосии тақвияти ҳамкориҳои байналмилалиро тарғибу ташвиқ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE