Дар Китобхонаи Лоҳутии шаҳри Душанбе филиали кафедараи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ДДФСТ ифтитоҳ гардид
18 октябри соли 2023 мутобиқи шартномаи дуҷонибаи МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва МД «Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» филиали кафедараи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар маросими ифтитоҳи филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ки бо ибтикори роҳбарони муассисаҳои мазкур ифтитоҳ ёфт, ректори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ва директори МД «Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» Давлатзода Аббосалӣ, аҳли илму адаб ва ҳайати профессорон, омўзгорону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Низомӣ Муҳриддин Зайниддин зикр намуд, ки соҳаи китобдорӣ дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста ва муҳимро касб кардааст. Сарвари давлат ба ин соҳа ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ медонанд.
Аз ин лиҳоз, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкадаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош варзанд. Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъминоти методию техникии раванди таҳсилот, таҳия намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар васоити таълимии ба талаботи рӯз ҷавобгӯ саҳми муносиби худро гузоранд.
Сипас сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки ба истифода додани филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ«Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи МирзоТурсунзода» имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии донишҷўён, донишҳои амалии онҳоро тақвият мебахшанд.