Имрӯз дар Душанбе аввалин Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мешавад

Имрӯз17 ноябр дар Душанбе аввалин Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳуқуқҳои кӯдак: дастовард ва масъалаҳои ҷойдошта» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар форум мавзуъҳои зерин, аз қабили дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамкории мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои ҳамгироии кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида: намунаҳои мусбат ва масъалаҳои ҷойдошта, нақши комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, дастовардҳо ва мушкилиҳои комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи маҳал ва ғайра мавриди  баррасӣ қарор мегиранд.

Бояд гуфт, ки 25 ноябр ба санаи ба тасвиб расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE